Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои ҷомеаи башарӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳони муосир равона гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи бузурги сулҳофаринӣ барои рафъи низоъҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои мусаллаҳонаи минтақавию ҷаҳонӣ фаъолона вокуниш нишон дода, ҷонибдори роҳи муколамаи созанда барои ҳалли тамоми масъалаҳои сайёравӣ мебошад. 29 сол мешавад, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (соли 1997) байни тоҷикон амнияти суботи сиёсии кишварро таъмин менамояд.
Раванди дипломатияи сулҳҷӯёнаро ба дирӯзу имрӯз ҷудо намуд.
Якум, дипломатияи сулҳҷӯёнаи дохилӣ буда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Инчунин, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (соли 1997) ҳамчун заминаи таҳкими сулҳи минбаъда хизмат намуд. Ин созишнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҷангро хотима диҳад ва роҳи таҳкими сулҳро оғоз намояд. Музокироти тоҷикон, ҳарчанд мушкил ва тӯлонӣ гардида бошад ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи тақдирсоз гардид. Олими тоҷик Сайидзода З. қайд менамояд, ки раванди гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ давом кард ва дар он 21 маротиба тарафҳо сари мизи музокира нишастанд, натиҷааш имзои 40 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ва миллии тоҷикон буд. Бинобар ин, Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамчун раванди ниҳоят мураккаб ва серпаҳлу талаботи хосро дорад.
Дар заминаи мазкур, ба андешаи муҳаққиқи тоҷик Давлатов З., нақши Иҷлосияи тақдирсози XVI–уми Шурои Олӣ ва Раиси навинтихобшудаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар таъмини сулҳи тоҷикон ҳалкунанда буд. Иқдоми Раиси Шурои Олӣ он замон тасмимгирии осон набуд ва ҷуръату мардонагии бузург талаб мекард. Сарвари ҷавони давлат барои барқарор кардани сулҳ ва эҷоди фазои Ваҳдати миллӣ сафарҳои пурпечутоб анҷом дод ва бо такя ба мардуми хирадманди Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин намуд.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди сулҳ намунаи муҳим барои фаҳмидани мушкилоти барқарорсозӣ ва эътидоли баъдиҷангӣ мебошад. Аз нигоҳи пажӯҳишгарони аврупоӣ, таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд ғояи меҳварӣ пешниҳод мекунад:
¾ гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоъҳои шаҳрвандӣ ба суботи нисбӣ нақши муҳимми муколама ва музокироти фарогирро дар бунёди сулҳ таъкид мекунад;
¾ муваффақияти раванди сулҳ аҳаммияти ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор ҳам фаъолони сиёсӣ ва ҳам фаъолони шаҳрвандиро барои талошҳои бунёди сулҳ таъкид менамояд.
Дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) дар шаҳри Коста-Рика таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ барои дипломатҳо омӯзонда мешавад. Инчунин, дар Донишгоҳи давлатии Москва ин таҷриба ҳамчун даври махсуси омӯзишӣ барои магистрантон пешниҳод мешавад. Дар Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (минбаъд САҲА) дар шаҳри Гамбурги Олмон низ раванди сулҳи тоҷиконро дар асоси барномаи чандсола мавриди омӯзиш қарор додааст.
Муҳаққиқи итолёвӣ Д. Лянч дар таҳқиқоти худ доир ба сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардааст: “Эҳтимол, бар хилофи воқеият, тайи солҳо ва ҳатто даҳсолаҳои эҳёи сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ имкон намеёфт, агар як низоми фаъоли ҳизбӣ, интихоботи одилона, ҳукумати мутамарказ ё бахши ислоҳоти амниятӣ ба вуҷуд намеомад. Чунин тағйирёбӣ, вақте ба вуқуъ мепайваст, бештар равандҳои тағйироти васеътари сиёсӣ ва иқтисодиро, ки дар мубоҳисаҳои маҳаллӣ илмӣ шудаанд, инъикос мекунанд”.
Олими бритонёвӣ Ҷ. Ҳезершоу дар асараш “Сиёсати воқеии сулҳи Тоҷикистон” нақши марказии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди сулҳи кишвар таъкид мекунад. Инчунин, Ҷ. Ҳезершоу Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун меъмори калидии таърихии сулҳ муайян намуда,раванди бомуваффақияти мусолиҳаро ба роҳбарии ӯ марбут медонад. Ӯ махсусан тасмими муҳимми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи мусоидат ба бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон ҳамчун иқдоми қобили мулоҳиза ва далерона таъкид мекунад, ки нақши ҳалкунанда дар таъмини суботи кишвар дар давраи осебпазир пас аз низоъ дошт.
Ҷиҳати амалӣ намудани дипломатияи сулҳ, конференсия ва ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуданд. Аз ҷумла, аз 23 то 27 ноябр дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа таҳти унвони “Ҷустуҷӯи сулҳ, мусолиҳа ва таҳаммулпазирӣ” конференсияи байналмилалии байнипарлумонӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф. Баротзода, доир ба “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ–иҷтимоӣ” суханронӣ намуд. Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таҷрибаи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризояти миллӣ дар низоъҳои дохилӣ муаррифӣ кард.
Дуюм, дипломатияи сулҳҷӯёнаи байналмилалӣ мебошад, ки дар он ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон, барои эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва устувории ин раванд барои ояндагон ҳамчун иқдоми муҳим ва ҷиддии сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи мушкилоти кишвар, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳалли сарҳад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад, зарурати таҳкими сулҳро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ равшан намуд.
Сулҳ ҳамчун яке аз арзишҳои асосии давлатдории миллӣ эътироф шуда, эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба мақсади мустаҳкам кардани заминаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин барои эҷоди муҳити амн ва осоиштагӣ барои наслҳои оянда равона карда шудааст. Барои исботи самаранокии ин ташаббус, 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд сулҳи Водии Фарғона ба имзо расид, ки нишон дод, мушкилотро бо роҳи дипломатӣ ҳал кардан мумкин аст.
Сеюм, дипломатияи сулҳҷӯёнаи минтақавӣ мебошад. Яке аз намунаҳои ин раванд мулоқоти сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки рӯзи 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ин сана як рӯйдоди муҳим дар низоми муносибатҳои минтақавӣ гардид, ки нишон дод ҳамкориҳо метавонанд сулҳи пойдорро таъмин намуда, рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд оранд.
Баъди анҷоми мулоқоти махсуси сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар фазои дӯстию ҳамкорӣ сурат гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санадҳои муҳимми таърихӣ – Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар тасдиқ шуд, ки чунин санадҳои таърихӣ ба тасвиб расиданд:
¾ Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;
¾ Созишномаи байниҳукуматӣ “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ”;
¾ Созишномаи байниҳукуматӣ “Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард”.
Санадҳои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ба имзо расиданд ва бори дигар ташаббускорӣ ва пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масири сулҳу осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳанд.
Яке аз самтҳои муҳимми Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16.12.2025) ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ равона шуда, ҳалли пурраи масъалаҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои созишнома дар бораи нуқтаи гузаргоҳи марзии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ба натиҷаҳои муҳими солҳои дипломатӣ ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Ин иқдом ба таҳкими эътимод ва некҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин самтро чунин арзёбӣ карданд: “Дигар рӯйдоди таърихӣ ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам меорад”. Ин раванд, ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва ҳалли масъалаҳои сарҳадии садсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро дар бар гирифта, ҳамчун намунаи беҳтарини дипломатияи минтақавӣ ва сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Ҳамин тариқ, дар доираи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ҳалли масъалаҳои сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон нишондиҳандаи амалишавии дипломатияи ҷаҳонии сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бояд қайд кард, ки ирода ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони кишварҳо имкон дод, ки водии Фарғона аз минтақаи даргир ба минтақаи сулҳ табдил ёбад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон намунаи нави дипломатияи сулҳофаринии минтақавӣ буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Инчунин, рӯйдоди муҳимми дигар ин аст, ки 9 сентябри соли 2025 Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Л. Толстойро сарфароз гардиданд. Ҷоизаи Л. Толстой ба шахсоне тақдим мешавад, ки дар ҳифзи амният ва риояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Бо назардошти ин таҷриба, консепсияи сулҳи тоҷикон ва таҷрибаи водии Фарғона бояд таҳрезӣ ва тавассути корпусҳои дипломатӣ барои ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод шавад, то модели сулҳофаринии дохилию минтақавӣ ҳамчун намунаи амалии амалӣ дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ истифода шавад.
Соҳиби Баҳруло
ходими калони илмии Шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Адабиёт:
Ниг.Сохиби, Б. Процесс мирной дипломатии Республики Таджикистан в урегулировании политических конфликтов / Б. Сохиби // Азия и Европа. – 2026. – № 1(25). – С. 90-95. – EDN EHWVRX.